Маркази муолиҷавию ташхисии
ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад»

ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» чунин намуди хизматрасониҳоро барои истироҳату табобат пешниҳод менамояд. Таҷҳизоту имкониятҳо:

Оби Шифо

Хосиятҳои муолиҷавии обҳои маъданнок барои инсон аз давраҳои қадим маълум буданд. Файласуфи машҳури тоҷик, яке аз асосгузорони илми тибби ҷаҳонӣ Шайхурраис ибни Сино дар китобҳои худ "Қонун дар тиб" овардааст: "Обҳои шӯр (маъданнок) барои табобати бемориҳое, ки дар натиҷаи хунуку намнокии мизоҷ пайдо мешаванд, бемориҳои пайвандҳо, диққи нафас ва гурдаҳо истифода мешаванд. Онҳо дуруст шудани устухонҳои шикаста ва яраҳоро метезонанд, боди шикамро кам мекунанд. Оби маъданноки гӯгирддор асабҳоро ором, шиддати дардро паст намуда яраю доғҳои пӯстро шифо мебахшад, мубодилаи моддаҳоро дар пайвандҳо, ҷигар, испурч беҳтар намуда, тарангии бачадонро мулоим месозад, аммо меъдаро суст карда, иштиҳоро мебандад.
Чашмаҳои "Оби Шифо" дар наздикии деҳкадаи КИМ, дар масофаи 30 километр аз маркази ноҳияи Исфара ҷойгир шудаанд.
Хусусиятҳои гуногуни самарабахши "Оби Шифо" дар шароити осоишгоҳ «Зумрад» бо роҳҳои гуногун барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб, узвҳои ҳозимаву ҳаракат, амрози занонаю пӯст ва ғайраҳо бомуваффақият истифода мешаванд.
Дар шӯъбаи обшифоии осоишгоҳ 16 нуқтаи (ваннаҳои) табобат бо "Оби Шифо", 2 нуқтаи обтани булӯрин ва намакин, 2 нуқта барои шустани рӯдаҳо ва 3 нуқта барои табобати узвҳои таносули занона мавҷуд мебошад. Ҳамчунин имконияти истифодаи шарбати гиёҳҳои шифобахш (фитованнаҳо) муҳайё сохта шудааст.

Лойқаи шифобахш

Дар осоишгоҳи «Зумрад» лойқаи шифобахши кӯли Оқсукони ноҳияи Ашт истифода мешавад. Лойқа ранги сиёҳчатоб дошта, серии ранги лойқа ба мавҷудияти сулфати оҳан вобастагӣ дорад агар миқдораш аз 0,03% кам бошад ранги лойқа хокистарӣ мешаваад. Вазни нисбиаш 1,85-1,87 буда, дар таркибаш ионҳои натрий ва калтсий, хлор, сулфат мавҷуд мебошанд.
Лойқаи шифобахш ба пӯст ва пардаҳои луобӣ, бо гармиаш, таркиби кимёвиаш ва дигар омилҳояш таъсир расонида, ҳисгирҳои (ретсепторҳои) торҳои асаби дар қабатҳои онҳо ҷойдоштаро ба ангезиш меоварад, дар натиҷа рефлексӣ ғайришартӣ ва вазоифӣ пайдо мешавад, ки ба бадан таъсири мураккаб расонида мубодилаи моддаҳоро суръатнок менамояд, ҳолати фаъолиятии баданро беҳбудӣ мебахшад. Лойқаи шифобахш шиддати илтиҳобро паст ва сабзиши бофтаву ҳуҷайраҳоро метезонад.
Яке аз хосиятҳои беҳтарини лойқаи шифобахш таъсири зиддимикробии (антибиотикмонанд) он мебошад, яъне микробҳои зарарнок бо таъсири лойқаи шифобахш нобуд мешаванд.

Обшифоиҳо

Таъсири мусбати об ба бадани инсон аз қадим маъмулу машҳур буда дар муолиҷа ва пешгирии бемориҳо ба таври васеъ истифода мешавад.
Оби муқаррарӣ ба баъдан таъсири механикӣ ва ҳароратӣ расонида ҳисгирҳои (ретсепторҳои) торҳои асаби дар қабатҳои пӯст мавҷударо барангехта, асабро ором, рагҳои хунгузарро васеъ менамояд, гардиши хунро суръатнок намуда, мубодилаи моддаҳоро метезонад.
Дар осоишгоҳ обшифоиҳои гуногун ба амсоли обшифоии булӯрин, обшифоӣ бо шарбати растаниҳои шифобахш (фитованнаҳо), обшифоии намакдор, душҳои гуногун (душ Шарко, даврӣ, болораванда), масҳи зериобӣ барои муолиҷаи бемориҳои гуногун бомуваффақият истифода мешаванд. Ин усулҳои муолиҷа дар байни истироҳаткунандагон мақбулу машҳур буда, соле то 6500 нафар қабул менамоянд, ба онҳо то 35000 маротиба табобат гузаронида мешавад.

Парҳезшифоӣ

Истифодаи оммавии хӯроки парҳезӣ дар осоишгоҳ таъсири омилҳои курортиро пурзӯр намуда, шифоёбиро метезонад.
Дар ташкили хӯроки парҳезӣ шартҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд: ғизонокӣ, таркиби кимиёвӣ (сафедаҳо, равғанҳо, ангиштобҳо, витаминҳо, минералҳо), хосияти физикии хӯрок (ҳаҷм, вазн, ҳарорат, шакл), махсусан тарзи тайёр намудани хӯрок ва реҷаи хӯрокхӯрӣ (вақти хӯрокхирӣ, маротибаи қабули хӯрок). Яке аз шароитҳои асосии хӯрокӣ парҳезӣ таъмин намудани талаботи табии (физиологӣ) бадан буда дар шароити осоишгоҳ 3500 - 3700 килокалория муайян шудааст., ки ин миқдор аз меъёри табии ашхоси машғули кори ҷисмонии сабук зиёдтар аст. Бемороне, ки дар давоми рӯз усулҳои гунуогуни табобатҳоро (лойқашифоӣ, обшифоӣ, муми кӯҳӣ, нафти нафталан, табиатшифоӣ) қабул мекунанд, меъёри ғизонокии хӯрокашон бояд 4000-4500 килокалорияро ташкил намояд.
Витаминҳо бо ҳамроҳии ферментҳо ва ҳормонҳо дар мубодилаи моддаҳои бадан нақши муҳимро иҷро менамоянд. Аз ин лиҳоз дар ташкили хӯрок, барои ғанӣ гардонидани хӯрок аз витаминҳои гуногун аҳамияти хосае дода мешавад. Бо назардошти он, ки қабули табобатҳои гуногун (лойқаи шифобахш, муми кӯҳӣ, нафти нафталан) эҳтиёҷоти баданро ба витаминҳо афзун мегардонад, меъёри истеъмолашон бояд 1-1,5 баробар зиёд карда шавад.
Хӯроки парҳезӣ бо якҷоягии дигар тадбирҳои шифоӣ барои муолиҷа ва пешгирии бемориҳои меъдаву рӯда, ҷигару талхадон, дилу рагҳои хун усули асосии муолиҷа эътироф шудааст.

Муолиҷа бо муми кӯҳӣ

Муми кӯҳӣ маъдани табиӣ буда, аз қаъри замин дар конҳои махсус истеҳсол карда мешавад.
Дар осоишгоҳи «Зумрад» асосан муми кӯҳии Борислав ( Ҷумҳурии Украина) истифода меашавад. Гарчанде дар худи ноҳияи Исфара кони муми кӯҳӣ (Селроҳа) мавҷуд бошад ҳам истеҳсоли муми кӯҳӣ дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатъ гардидааст.
Роли асосии муми кӯҳӣ ҳамчун омили муолиҷавӣ дар он мебошад, ки бо таъсири он рагҳои хунгузар ва лимфагузар васеъ шуда, гардиши хун суръатнок мегардад, дар натиҷа мубодилаи моддаҳо меафзояд. Ҳамчунон дар ин ҷойҳо моддаҳои фаъоли ҳаётӣ пайдо шуда, ба бадан таъсири мусбат мерасонанд.
Муми кӯҳӣ дар табобати бемориҳои узвҳои ҳозима низ ба таври васеъ истифода мешавад. Бо таъсири муми кӯҳӣ кори меъда беҳтар гашта шираи меъда мӯътадил мегардад.Таҷрибаи бисёрсола ва корҳои илмию амалии табибони осоишгоҳи «Зумрад» самарабахшии истифодаи муми кӯҳиробарои табобати бемориҳои системаи асаб, узвҳои такяву ҳаракат, амрози занона, узвҳои ҳозима, узвҳои ҷинсиютаносули пешоб тасдиқ менамояд.
Шӯъбаи муми кӯҳии осоишгоҳ 34 кат дошта бо тамоми тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонда шудааст, дар як соат ба 60 нафар беморон хизмат расонида, ҳар сол зиёда аз 50 ҳазор маротиба муолиҷа гузаронида мешавад.

Нафтшифоӣ (нафталан)

Дар осоишгоҳи «Зумрад» нафти нафталан барои табобати бемориҳои гуногун ҳамчун омили маъмули табобатӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Нафталан моеъи равғанмонанди сиёҳи ҷигариранг мебошад, вазни нисбиаш 0,935 аст. Таркибашро ангиштобҳои гуногун қатрони нафт, туршии нафтен ва об ташкил медиҳанд. Азбаски таъсири шифобахширо асосан ангиштобҳои нафтенӣ доранд, ҳамчун омили табобатӣ нафталани аз қатрони нафт ва ангиштоби хушбӯй тозакардашуда истифода мешавад.
Дар шароити осоишгоҳи «Зумрад» усули молидани нафталан ба пӯст истифода мешавад.
Ҳангоми ба пӯст молидани нафталан ва гарм намудани ин қитъаҳо, сӯрохиҳои пӯст васеъ гашта нафталан ба қабатҳои пӯст ҷаббида мешавад. Бо таъсири нафталан дар пӯст гардиши хун суръатнок мегардад, шиддати мубодилаи моддаҳо меафзояд, қувваи муқобилиятнишондиҳии бадан афзун мегардад.
Таъсири нафталан ба торҳои асаби беруна хеле чашмрас мебошад. Бо таъсири он инкишофи бофтаю ҳуҷайраҳои торҳои асаб суръатнок гашта, ҳиссиёт барқарор мегардад.
Истифодаи нафталан махсусан барои табобати бемориҳои ҷинсии зан хеле муфид буда, бо таъсири нафталан кори ғадудҳои ҷинсӣ (тухмдон) беҳбудӣ меёбад, илтиҳоби бачадон ва дигар узвҳои занона паст мешавад.

Варзишшифоӣ

Чизе нест, ки чун беҳарактӣ баданро фартут созад. Ин суханҳо ба файласуфи Юнони қадим Арасту (Аристотел) таалуқ доранд.
Табиби оламшумули тоҷик Абӯали ибни Сино дар китоби безаволаш "Қонун дар тиб" менависад: "Варзиши ҷисмонӣ ҳаракати мақсаднок буда, ба ҳаракати бефосилаи чуқур мубаддал мегардад. Касе, ки ҳамвора ба машқҳои ҷисмонӣ машғул аст, кам ниёзманди табобат мегардад".
Шӯъбаи варзишшифоии осоишгоҳи «Зумрад» аз соли 1983 инҷониб фаъолият дорад. Дар ташкили ин шӯъба таҷрибаи кории кафедраи тарбияи ҷисмонии факултаи такмили ихтисоси шаҳри Тошканд, Пажӯҳишгоҳи курортшиносӣ ва табиатшифоии ба номи Семашко, беморхони №1 шаҳри Москва, маркази барқарорсозии саломатии беморхонаи №40-и шаҳри Санкт-Петербург ва Пажӯҳишгоҳи курортшиносӣ ва табиатшифоии шаҳри Москва омӯхта ба амал ҷори карда шудааст. Толори варзиши табобатӣ 288 метри мураббаъро ташкил медиҳад, дар он аз 37 намуди дастгоҳҳои варзишӣ истифода мешавад.
Маҷмӯи варзиши шифоӣ дар осоишгоҳи «Зумрад» гуногун аст: варзиши пагоҳӣ, роҳпаймоии бамеъёр, сайру гашт дар ҳавои тоза, бозиҳои варзишӣ, қаиқронӣ ва ғайраҳо. Ҳамаи машқҳои варзишӣ дар зери назорати қатъии кормандони тиб гузаронида мешаванд.
Дар осоишгоҳ барои гузаронидани базоҳои варзишӣ майдончаи озии волейбол, бадминтон, биллиард, тенниси руимизӣ мавҷуд буда, ҳуҷраҳои истироҳати бо шоҳмот, шашка, шатранҷ таъмин гаштаанд.
Сайру гашт дар ҳавои тоза, назди кӯлу дарёчаи шӯхи кӯҳӣ, қад-қади гулбоғу анбӯҳи дарахтон ва буттаҳои шифобахш ҳамчун усули варзиши табобатӣ истифода мешавад.

Гиёҳшифоӣ

Диёри мо дорои табиати зебою дилпазир буда, аз захираҳои табиат хеле бой аст. Бисёре аз растаниҳои диёри мо барои дармони бемориҳои гуногун фаровон истифода мешаванд. Тибби қадим решаҳои чуқур дорад. Худи табиат ба чашми инсон дорухонаи нахустинро боз намудааст.
На ранних стадиях заболевания растительные средства могут оказаться ведущими, способными предотвратить дальнейшие развитие болезни и смягчить её проявления в будущем. Дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 1500 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки дар тиб истифода мешаванд. Кишвари моро хазинаи гиёҳҳои шифобахш номидан мумкин аст. Мутаассифона, садяки гиёҳҳои фоиданоки атрофамонро ҳанӯз пурра наомӯхтаем.
Абӯали ибни Сино ҳанӯз дар ҳамон замоне се тарзи муҳими дармонропешниҳод карда буд: аввало илоҷ бо сухан, сипас тавассути гиёҳ, ниҳоят бо воситаи теғ. Дар осори Синои бузург роҷеъ ба табобат бо гиёҳ хеле нуқтаҳои судманд баён ва таъкид ёфтааст. Табибони осоишгоҳи «Зумрад» ҳикмати табиби нотакрорамонро дар кори ҳаррӯзаи худ истифода мебаранд.
Дар бахши гиёҳозмоишгоҳ садҳо беморонро бо гиёҳҳои табиатан тоза ва шифобахш муолиҷа менамоянд. Дамобаю ҷӯшоба, марҳам, қиёму шарбат ва ҷойҳои гуногун, ки азрастаниҳои шифобахш тайёр карада мешаванд, дар ҳифзи саломатии одамон ва табобати бемориҳои гуногун аҳамияти калон доранд.
Ба ғайр аз дамобаҳо дар фитоозмоишгоҳи осоишгоҳи «Зумрад» доруҳои гиёҳии боздорандаи хунравӣ барои бемориҳоизанона, ороишӣ, муназзими кори дил, доруҳо барои муолиҷаи бемориҳои гулӯ, бинӣ, пӯст, фарбеҳӣ, узвҳои ҷинсӣ, бавосир, илтиҳоби ғадуди зери меъда, ғадуди зери шошадон ва дигар дамобаҳои фардӣ тайёр карда мешавад.