Исфара

Исфара яке аз қадимтарин шаҳрои Осиёи Миёна буда, дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд, дар нишемангоҳҳои қаторкӯҳи Туркистон дар баландии 863 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 831,9 км.кв. Аҳолиаш 205 ҳазор. Масофа аз маркази шаҳри Исфара то шаҳри Хуҷанд 107 километр, то шаҳри Душанбе 448 километр ва то истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Конибодом 37 километрро ташкил медиҳад.
Сокинони Исфара тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо, қирғизҳо, тоторҳо мебошанд. исфара аз ҷанубу ғарб ва шарқ бо Қирғизистон ва қисман а шимолу шарқ бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Иқлимаш гарми мӯътадил аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл 25-350С, январ 1-70С, миқдори боришоти миёнаи солона дар водиҳо 126 мм., дар кӯҳҳо 200 мм. Хоки марзи ноҳия асосан хокистарӣ, хокистарии тира ва қаҳваранг аст. Дар даштҳои беоб гиёҳҳои янтоқ, ҷорӯбак, ҳазориспанд, геша, шӯраю явшон, дар нишебии кӯҳҳо арча мерӯяд. Аз дарахтони мевадиҳанда биҳӣ, себу олуболу, шафтолу, тут, махсусан зардолу бисёртар аст. Дар дашту водиҳо мору калтакалос, калламуш, ҷайра, рӯбоҳ, дар кӯҳҳо гург, гуроз, оҳу, силовсин; аз паррандаҳо кабк, булбул, бедона, кабӯтар, чур, соч, чуғз, уқоб, боша, мурғи ҳилол, фароштурук, мусича ва ғайраҳоро дучор омадан мумкин аст.
Соҳаи асосӣ боғдорӣ (90% дарахтони зардолу) буда, инчунин сабзавоту картошкакорӣ ривоҷ ёфтааст. Аз зироатҳои ғаллагӣ гандум, ҷав, ҷуворимакка, лӯбиёгӣ мекоранд.
Исфара аз маҳалҳои зерини маъмурию ҳудудӣ 3 шаҳрак - Шӯроб, Нефтобод, КИМ ва 9 ҷамоатҳо - Ворух, Чоркӯҳ, Сурх, Шаҳрак, Навгилем, Кӯлканд, Чилгазӣ, Лаккон, Хонобод иборат мебошад. Исфара шаҳри саноатӣ буда, бо корхонаҳои зерини худ: комбинати консервабарорӣ, зовутҳои кимёвӣ, ҳидрометаллургӣ, спиртбарорӣ, рангҳои маъданӣ, асбобҳои рӯшноидиҳандаи техникӣ, маснуоти оҳану бетон, фабрикаи мебелсозӣ, масолеҳи бинокорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ шӯҳрати баланд дорад.
Дар Исфара матбаа, рӯзномаи "Насими Исфара", 18 муассисаҳои клубӣ, кохи фарҳанг, хонаҳои маданият, театри халқӣ, ансамбили халқии "Шашмақом", кинотеатр, 8 китобхона, маркази тарбиявӣ, беористонҳо, таваллудхонаҳо ба халқ хизмат мерасонанд.
Шифогоҳи "Зумрад" яке аз беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Исфара ҳамчун шаҳри қадима дар як қатор сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ дарҷ гардидааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маъмул мегардад, ки Исфара то милод ба давлати Давон дохил шуда, яке аз марзҳои тараққиёфтаи он ба ҳисоб мерафт. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи худ "Тоҷикон" дар қатори дигар ёдгориҳои беназири таърихии Осиёи Вусто нисбати яке аз ёдгориҳои қадимаи Исфара - Хоҷа Ғор - маскани қадимаи қадимаи гузаштагонамон навиштаанд.
Иқлим ба ҷисми инсон таъсири беандозае дорад. Бо таъсири он дар бадани одам тағйиротҳои мусбӣ ё манфӣ пайдо мешаванд, аз ин лиҳоз осоишгоҳҳо дар мавзее сохта мешаванд, ки иқлими фораму шифобахш дошта бошад. Усули табобат бо иқлим, ки табибон ба таври васеъ истифода менамоянд, аз давраҳои қадим маъмулу машҳур аст. Хосиятҳои иқлим дар табобати бемориҳои шуш ва роҳи нафас, дилу рагҳо, системаи асаб, пӯст, дастгоҳи бавлу таносул ва ғайра нақши муҳимро мебозанд.
Иқлими Исфара пасткӯҳӣ буда бо зимистони кӯтоҳи гарм, тобистони нисбатан салқин, рӯзҳои офтобии софу беғубор, хушкии ҳавояш фарқ менамояд.
Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво +12,50 С мебошад. Моҳи аз ҳама хунук январ аст, ки ҳарорати миёнаи он -1,90С ва моҳи аз ҳама гармтарин июл буда ҳароарти миёна то 25,80 С мерасад. Дар давоми сол ҳамагӣ боришот ба миқдори 123 мл. аст, боришот, асосан баҳорон ва зимистон ба амал меояд. Суръати миёнаи солонаи шамол 1,8 метр/сония, асосан моҳҳои апрел-май мушоҳида мешаванд.
Дар Исфара зимистон аз охирҳои моҳи ноябр оғоз ёфта то даҳаи аввали моҳи март давом меёбад. Хунукиҳои бефосилаи давомнок дар Исфара анқариб дида нашудааст. Асосан хунукиҳои кӯтоҳмуддат дар моҳҳои декабр-феврал ба назар мерасад.Баҳорон (март-апрел) дар Исфара ҳарорат аз +50 С то 200 С гарм шуда, 2 моҳ давом мекунад. Обу ҳавои ин давра ноустувор будабаъзан хунукиҳои кӯтоҳмуддат мушоҳида мешаванд. Ҳарорати миёнаи моҳи март +6,20 С , апрел +150С ва май +19,50С ғро ташкил медиҳад.
Тобистони Исфара тӯлони буда аз аввали моҳи майто сентябр давом менамояд. Тобистон ҳаво софу беғубор, гарму хушк ва аз нурҳои ултрабунафш хеле бой мегардад. Ҳарорати ҳаво баъзан то +39 +420С гарм мешавад. Гармии рӯзона бо салқинии шабона иваз мешавад, ки ба ҷисми инсон таъсири мусбат мерасонад.
Тирамоҳ тақрибан 3 моҳ давом мекунад. Авваҳои тирамоҳ ҳаво +21 +280С, баъзан то +33 +380С гарм мешаад. Асосан ҳаво софу буғубор будаофтоб нурпошӣ менамояд, абрнокӣ хеле кам аст. Аммо аз охирҳои октябр сар карда ҳарорати ҳаво паст мешавад, баъзан хунукиҳои кӯтоҳмуддат ҳукмронӣ мекунанд.
Дар бораи Исфараи бостонӣ ва мардуми шарифи он қаламкашон суханҳои зиёде гуфтаву навиштаанд. Аз ҷумлаи онҳо таассуроти ду шоири шӯҳратманди тоҷик Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ қобили зикр ва таваҷҷӯҳ ҳастанд, ки мо онҳоро иқтибос мекунем.

Мӯъмин қаноат чунин фармудааст:

Исфара,
Шӯхии дарёи ту,
Софии дилҳои ту,
Ҷон медиҳад, дил мебарад.
Шом зери пардаи гул хуфтаӣ,
Ҳамчун рози духтарон дар пардаӣ,
Ҳамчу шеъри бебаҳо ногуфтаӣ.
То саҳар масти туям,
Масти гулбонге, ки меояд зи боғи булбулон,
Масти субҳе, ки дамад аз пардаи чилкокулон,
Ошиқи кӯҳе, ки дорад дар камар тиру камон.
Аввалин шом астмебинам туро,
Лек рӯи ошно,
Ранги бӯи ошно.
Гӯӣ мегӯянд инҷо зодаам, Аз канори Панҷ байни Чоркӯҳ афтодаам.
Исфара, Исфара!
Ё маро дар дидаи худ ҷо кун,
Ё туро дар синаи худ мебарам.

Лоиқ Шералӣ бошад эҳсосот ва тассуроти хешро дар шеъраш, ки "Ушшоқи Исфара" ном дорад, ин зайл баён намудааст:

Дар боғҳои хурраму ҷаннатнишони Исфара,
Шаҳду шакар мепарварад пиру ҷавони Исфара,
Ширинтар аз ширу шакарбахшад ба кас ҷони дигар,
Шаҳди навои дилкаши хунёгарони Исфара.
Дармони ҷони одамнд, ё балки ҷони одаманд,
Озодагони Исфара, дилдодагони Исфара.
Гар аҳли дил бошӣ, биё, гар аҳли ҷон бошӣ, биё,
Боз аст баҳри дӯстон дастархони Исфара.
Оби зулолаш медамад қон бар тани хоки қадим,
Сабз аст бахти Исфара, сабз аст ҷони Исфара.
Ҷорист то марзи абад бо нағмаҳои Борбад,
Рӯди равони Исфара, рӯҳи равони Исфара.

Алқисса, Исфара як пораи замини муқаддаси тоҷикон, як ноҳияи хуштарини ибратбахши Тоҷикистон аст. Ба мардуми Исфара "Андешаи нек, сухани нек, кирдори нек" - ана ҳамин се васияти муҳимтарине, ки барои бани одамӣ дар "Авесто" омадааст, мерос монда ба ҳукми анъана даромадааст.