Дар бораи осоишгоҳи «Зумрад»

Осоишгоҳи «Зумрад» дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи Исфара, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, 110 километр аз маркази вилояти Суғд - шахри Хуҷанд ҷойгир шуда, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вороруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шарбатрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст.

Зумрад аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳуриамон буда, дорои 3 хобгоҳи замонавӣ ва 2 котедж (ҳамагӣ барои 500 ҷой), 3 бинои табобатӣ барои қабули 250 нафар дар як соат, қасри «Шифокорон» барои 300 ҷои нишаст бо китобхона ва толори рақсӣ, чойхонаи пур аз нақшу нигори Сино, осорхонаи Тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов, ошхона барои табобатгирандагон бо 500 ҷои нишаст, барои коргарон бо 60 ҷои нишаст, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимёвӣ, шӯъбаи ташхиси вазифӣ, шӯъбаи дандонпизишкӣ мебошад.

Зумрад - яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандоноро солим гардонидааст.

Зумрад маркази варзишӣ шифоӣ бо 37 намуди дастгоҳҳои муолиҷавӣ, мизҳо барои биллиард, тенниси рӯимизӣ, майдончаи волейболу бадминтон, майдончаи рақсӣ буда, ба табобатгирандагон 25 намуди хизматрасонии маданӣ ва маишӣ расонида мешавад.

Ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо зебоӣ мебахшанд. Дарёчаи шӯхи Исфара, ҳавзу ҷӯйборҳои ҳудуди осоишгоҳ ҳаворо аз озон бой намуда ба мардум таровати махсусе ҳадя менамоянд, чаҳ - чаҳи булбулу хониши паррандагони ин мавзеъ асабро ором намуда ба ҷисму ҷони инсон оромию фараҳ мебахшанд.

Ба Зумрад о, ки Зумрад куҷост дар олам,
Шифои ҷону танат решаи гул асту гиёҳ.
Ва барқу нафталану обу лойу муми сиёҳ,
Ва рӯҳи покбузургону рӯҳи Зумрадшоҳ.
Тани сиҳат, дили беғам, худову хотири ҷамъ.